Аз 10 то 14 май Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» доир мегардад

ДУШАНБЕ, 09.05.2026  Аз 10 то 14 майи соли 2026 бо дастгирию ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад.

Дар ҳамоиш олимон, муҳаққиқон, таърихшиносон, бостоншиносон ва меҳмонон аз дохил ва хориҷи мамлакат иштирок намуда, доир ба таърихи Хутал, нақши он дар ташаккули забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақа, маърӯза ва мусоҳибаҳо анҷом медиҳанд.

Барномаи ҳамоиш баргузории нишастҳои илмӣ, боздид аз ёдгориҳои таърихӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро дар бар мегирад.

Тибқи барнома, 11 май дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад.

12 май иштирокчиёни Симпозиум ба шаҳристони Ҳулбуки ноҳияи Восеъ сафар карда, бо ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар ин мавзеъ шинос мешаванд. Инчунин дар ин рӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ филми мустанади «Хутали қадим» муаррифӣ мегардад.

Меҳмонону иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ дар ин рӯз ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафар карда, бо мавзеи таърихӣ-табиии Кулдара ва Осорхонаи асри санги Ховалинг ва осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия шинос мегарданд. Меҳмонони ҳамоиш дар барномаи фарҳангии Шоми дӯстӣ дар ин ноҳия иштирок менамоянд.

13 май иштирокчиёни Симпозиум ҷиҳати шиносоӣ ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ба «Қалъаи Балҷувон»-и ноҳияи Балҷувон сафар мекунанд. Дар ин ҳамин рӯз иштирокчиёни ҳамоиш бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд.

Ҳадафи баргузории ин ҳамоиш тарғиб, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии Хутали қадим, таҳкими ҳамкории илмӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Ҳамоиш ба муносибати қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО доир карда мешавад.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинии сатҳи баланди илмӣ дар он аст, ки бояд мо таърихи халқу миллатро аз умқи таърих, яъне аз давраҳои асри санг то давраи муосир ҳамаҷониба нишон дода тавонем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Баргузории ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ низ бояд дар сатҳи хубу хотирмон ва муаррифии таърихи миллати тоҷик ба ҷаҳониён бошад. Объектҳое, ки дар номинатсияи Хутали Қадим нишон дода шудаанд, фарогири тамоми таъриху фарҳанги миллат набуда, балки ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги миллатро нишон медиҳанд. Баргузории ҳамоиши мазкур ба васеъ муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар намунаи таъриху фарҳанги Хутали Қадим равона гадидааст. Зеро он оғоз аз ҳазораи асри санг, яъне аз давраи неолит бо канда нашудан, яъне бо пайвастагии силсилаи хронологияи таърихӣ то ба давраи имрӯз расидааст. Дар қатори нишони додани таъриху фарҳанги миллӣ ҳамчунин бояд таваҷҷуҳи хоссаи олимони ватаниву хориҷӣ, хусусан ҷавонону наврасон ба шиносоӣ бо таърихи пурғановат ва фарҳанги миллати тоҷик ҷалб карда шавад.

Зарангези ЛАТИФ,

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top