Имрӯз, 11 майи соли 2026, дар доираи баргузории Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим – пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Бохтар ҷараён гирифт, як гурӯҳ меҳмонони хориҷӣ ва иштирокчиёни симпозиум ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд.
Дар ҳайати меҳмонон намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вилояти Хатлон, олимону бостоншиносон, муҳаққиқони ватанию хориҷӣ, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими кишвар, ҳузур доштанд. Ҳадаф аз ин сафар ошноӣ бо мероси таърихиву фарҳангии ноҳия ва зиёрати мавзеъҳои таърихии марбут ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад.
Меҳмононро дар фазои гарму самимӣ муовинони раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, Шукурзода Шаҳло ва дигар масъулини ноҳия истиқбол гирифтанд. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун яке аз минтақаҳои куҳанбунёди кишвар дар муаррифии таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик саҳми арзанда дорад.
Дар доираи ин боздид ҳунармандони театри музиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар ҳамбастагӣ бо аҳли фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ ва саҳнаҳои театркунонидашударо манзури меҳмонон гардонида, хотири онҳоро болида намуданд.
Сипас меҳмонон аз Хона-музей, Мақбара ва Пайкараи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ боздид намуда, бо таъриху осори фарҳангӣ ва муҳити маънавии ин макони муқаддас аз наздик ошно шуданд. Ба иштирокчиён оид ба зиндагинома, осори гаронбаҳои адабӣ ва мақоми ҷаҳонии Мавлоно маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия Кароматулло Садиров зимни суҳбат доир ба рӯзгор, фаъолияти илмиву адабӣ ва саҳми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар рушди адабиёт ва фарҳанги башарӣ ибрози назар намуда, аз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангии миллат ёдовар шуд.
Ҳамзамон меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастпухт ва таомҳои миллие, ки аз ҷониби намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия омода ва ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, боздид ба амал оварданд. Меҳмонон ба фарҳанги меҳмондорӣ, расму ойин ва таомҳои миллии тоҷикӣ баҳои баланд дода, баргузории чунин чорабиниҳоро дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии таъриху тамаддуни тоҷикон муҳим арзёбӣ намудан












