ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН    БАХШИДА БА “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО”

  Бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи таъриху фарҳанг ва махсусан фаъолияти осорхонаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, як қатор осорхонаҳои нав бунёд ва муассисаҳои фарҳангӣ азнавсозӣ шуданд. Ин тадбирҳо барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

  Осорхонаҳо дар ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии миллат нақши басо муҳим доранд. Маҳз тавассути фаъолияти содиқонаву пурмасъулияти кормандони ин соҳа дастовардҳои тамаддуни ниёгон нигоҳдорӣ гардида, ба наслҳои оянда мерос мегузоранд имрӯз осорхонаҳо на танҳо макони нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ, балки марказҳои муҳими илмию фарҳангӣ ва маърифатӣ ба ҳисоб рафта, дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгон саҳми арзишманд мегузоранд.

   Бо итминон метавон гуфт, ки кормандони соҳаи осорхона минбаъд низ дар роҳи ҳифз ва тарғиби мероси таърихию фарҳангии халқамон фаъолияти пурсамар анҷом медиҳанд. Ҳамасола 18-уми май бо ташаббуси Шурои байналмилалии осорхонаҳо (ICOM) дар саросари ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо” таҷлил мегардад. Ин сана рамзи арҷгузорӣ ба осорхона ҳамчун маҳзани таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мебошад.

  Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи кормандон ва собиқадорони соҳаро ба ифтихори “Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо” самимона муборакбод гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори обод, саодати хонаводагӣ ва дар фаъолияти касбӣ комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.

Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо муборак!

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top