Шаҳраки Ҳисорак

Шаҳраки Ҳисорак дар соҳили сойи Валгун, дар суфаи баланду душворгузари соҳили чапи дарёи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, рӯ ба рӯи деҳаи Мадрушкат ҷой гирифтааст. Ин ёдгорӣ яке аз калонтарин шаҳракҳои қадимӣ дар водии Мастчоҳ ба шумор меравад. Шаҳрак аз қалъа ва се майдонча иборат буда, андозаи қалъа тақрибан 40–45 × 100 метр мебошад. Майдони шаҳристон 200 × 300 метрро ташкил медиҳад. Давраи мавҷудияти шаҳрак ба асрҳои V–VIII мелодӣ мансуб аст.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top