Имрӯз дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар шаш моҳи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар нишаст намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, роҳбарони сохторҳои зертобеи Агентӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Нишасти матбуотиро директори Агентӣ ифтитоҳ намуда, доир ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи Агентӣ ҳисобот пешниҳод кард. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифз, омӯзиш, нигоҳдорӣ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии мамлакат як қатор чорабиниҳои муҳим амалӣ карда шуданд.
Таъкид гардид, ки Агентӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва муассисаҳои соҳавӣ баҳри ҳифз ва истифодаи оқилонаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, таҳкими корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, мукаммал намудани феҳристи давлатии ёдгориҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ корҳои назаррасро анҷом додааст.
Ҳамзамон, роҳбарияти Агентӣ оид ба нақшаҳои минбаъдаи фаъолият, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои нав, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ҷалби бештари ҷомеа ба ҳифзу нигоҳдории арзишҳои миллӣ маълумот пешниҳод намуд.
Дар фарҷоми нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма саволҳои худро вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти Агентӣ пешниҳод намуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ба онҳо ҷавобҳои мушаххас ва муфассал дода шуданд.




