«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» ба ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд

«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» таҳия гардид. Харита аз оғоз то анҷоми шӯришро фаро гирифта, доир ба деҳаҳою мавзеъҳои таърихӣ маълумоти мушаххас медиҳад. Дар ин хусус 6 июл зимни нишасти матбуотии Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Дар нишаст изҳор гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувони вилояти Хатлон баён гардиданд, барои таҳияи «Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо ҷалби олимони соҳавӣ ташкил гардида, корро дар ин самт ба роҳ монданд.

««Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» ба шиносоӣ бо ҳаёт ва зиндагии мардуми ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба миллат ва фарҳангу тамаддуни он, шиносоӣ бо дастовардҳои замони истиқлолият дар ин ноҳияҳо, инчунин боз ҳам устувор гардидани ваҳдати миллӣ, ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба диёри зебоманзари Ховалингу Балҷувон мусоидат менамояд,-гуфта шуд дар ҳамоиш.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top