Шанбегии дастаҷамъона дар «Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара»Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи тадбирҳои бахшида ба соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, дар Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» шанбегии дастаҷамъонаи баргузор гардид.Дар ҷараёни ин иқдом кормандони муассиса ба корҳои ободонӣ, сабзкорӣ ва тозагардонии муҳити атроф ҷалб гардида, саҳни осорхона, роҳравҳо ва гирду атрофи биноро тоза намуданд.Ҳамзамон, гурӯҳи дигари кормандон корҳои тозакунӣ ва шустушӯи дохили биноро анҷом дода, тирезаҳо, витринаҳои намоишӣ, толорҳои экспозитсионӣ, утоқҳои корӣ ва дигар ҳуҷраҳои хизматиро ба тартиб дароварданд.Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» барои дар сатҳи баланд истиқболи меҳмонон ва қабули тамошобинон дар рӯзҳои ҷашни истиқлоли давлатӣ омода мебошад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top