Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи тадбирҳои бахшида ба соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, инчунин тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, дар Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» шанбегии дастҷамъона баргузор гардид.
Дар рафти шанбегӣ кормандони муассиса дар корҳои ободонӣ, тоза намудани ҳудуди Осорхона ва гирду атрофи он фаъолона иштирок намуданд.
Ин иқдоми созанда то баргузории ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.







