Паёми табрикии директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

     Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза Шумо ва тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

    Истиқлол барои миллати тоҷик муқаддастарин дастоварди таърихӣ, рамзи соҳибдавлатӣ, худшиносии миллӣ ва сарчашмаи ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азиз таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбари давлат Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи устувори рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро тай намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу ташаббускор мавқеи шоиста пайдо намуд.

      Имрӯз мо бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромии кишвар ба ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо эътимоду умеди бештар менигарем. Пешрафту ободии Ватан аз ҳар яки мо масъулияти баланд, меҳнати содиқона ва ҳисси ватандӯстиву худогоҳии миллиро тақозо менамояд.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, ба ҳар як корманди Агентӣ, аҳли хонаводаи  онҳо ва тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистон  саломатии комил, саодати рӯзгор, файзу баракат ва дар фаъолияти касбӣ дастовардҳои назаррас орзу менамоям.

   Бигзор Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидон, сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор, давлату миллат ободу сарбаланд ва Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон бошад!

Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Бо эҳтиром,

Директори Агентӣ

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top