Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳи бинои маъмурии МОИ Кӯлоб як қатор иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохториро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Нахуст  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Фарм Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Фаъолияти он ба  коркарди гиёҳҳои шифобахш, истеҳсоли маводи тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ равона буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бунёд гардидааст.

Дар корхонаи мазкур истеҳсоли 80 номгӯи мавод, аз ҷумла 35-намуд чой аз гиёҳҳои шифобахш, истеҳсоли равған аз гиёҳҳои шифобахши сиёҳдона, ангат, кунҷит, зағер, чормағз, бодоми талх, каду, зайтун, хуч ба роҳ монда шудааст.

Корхонаи истеҳсоли доруворӣ  ва ороишии Растанӣ Инно бо ҷалби шарикони рушд бунёд гардида, имкон дорад дар  як сол то 100 тонна маводи доруӣ ва ороишӣ истеҳсол намояд.

Дар иншоот 3 коргоҳ, аз ҷумла коргоҳҳои маҳсулоти нимтайёр барои омода намудани малҳамҳои тиббӣ, истеҳсоли маводи биологӣ ва лабаратория мавҷуд  мебошад.

Инчунин, дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Кӯлоб агросаноат расман ба кор оғоз намуд.

Корхона аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Саломуддин Икромзода бунёд шудааст.

Ба Сарвари кишвар иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии иншооти тозабунёд дар як сол 900 тонна наботро ташкил медиҳад. Дар раванди корҳои сохтмонии корхона, ки 2 сол идома кард, 100 мутахассис ба кор ҷалб шуд.

Корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи парандаи Саман дар доираи истиқболи шоиста аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии солонаи он баробар ба 60 ҳазор тонна хӯроки омехтаи паранда мебошад.

Ҳоло фаъолияти корхонаи мазкур имкон дод, ки беш аз 35 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардад.

Корхонаи парандапарварии ҶДММ Исмоилиёни Бурҳониён барои парвариши 200 ҳазор сар паранда дар як сол ва истеҳсоли гӯшти мурғ дар деҳаи Хонободи шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Исмоили Бурҳон бунёд ёфта, дар рафти корҳои сохтмонӣ 60 сокини маҳаллӣ бо кори мувақаттӣ ва баъди ба истифода додани он 17 кас бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Корхонаи парандапарварии ҶДММ Бинямин барои парвариши 40 ҳазор сар паранда дар як сол ва истеҳсоли гӯшти мурғ дар деҳаи Зарбдори шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ гардид. Он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мирзода Ғолиб бунёд шуда, имкон дорад, ки дар як сол то 150 тонна гӯшти парҳезии мурғ ба бозор барорад.

Марҳалаи сеюми корхонаи парандапарварии ҶДММ Сувайба — 2014 барои парвариши 120 ҳазор сар паранда дар як сол ва истеҳсоли гӯшти мурғ дар деҳаи Зарбдори шаҳри Кӯлоб низ дар ҳамин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Корхонаи мазкур дар 1 сол бо роҳандозии 5 марҳилаи парвариш 120 ҳазор сар мурғ нигоҳубин карда, аз он гӯшти аълосифати парҳезӣ истеҳсол менамояд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур имконият дорад дар 1 сол 360 тонна гӯшти аълосифат истеҳсол ва ба бозор барорад.

Марҳалаи дуюми корхонаи парандапарварии ҶДММ Саман барои парвариши 200 ҳазор сар паранда ва 36 млн. дона тухм дар як сол дар деҳаи Зарбдор ба истифода дода шуд. Он аз ҷониби соҳибкор Масидиқ Одиназода бунёд гардида, барои парвариши паранда ва истеҳсоли тухми босифат шароити зарурӣ фароҳам меорад.

Ҳангоми бунёди иншоот 30 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва баъди ба кор даромаданаш 25 кас бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Корхонаи истеҳсоли ҳасиби ҶДММ Набӣ Ҳайдар дар деҳаи Сангпари деҳоти Зиракӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Валӣ Абдураҳимзода бунёд гардидааст. Зимни корҳои сохтмонӣ 12 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардида, бо кушодашавии корхона бошад, барои 10 кас ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.

Маркази ташхису табобатии Шифо аз ҷониби оилаи Тоирзодаҳо дар деҳаи Чинор бунёд гардидааст. Ин Маркази нави тиббӣ имкон фароҳам овард, ки 25 мутахассиси соҳаи тиб бо кор таъмин гардида, ба 40 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои атроф хизмати тиббӣ расонда шавад.

Дар ин марказ озмоишгоҳи биохимиявӣ, ҳуҷраҳои қабули бемориҳои кӯдакона, ташхиси электрокардиографӣ, ултрасадо, дандонпизишкӣ, доругузаронӣ, қабули бемориҳои занона ва амалиётгоҳ барои ҷарроҳии фаврӣ муҳайё карда шудааст.

Дар доираи лоиҳаи кам намудани талафоти нерӯи барқ  дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб зиристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ (киловолта) сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.  Зеристгоҳи мазкур барои қабули неруи барқ аз шабакаи 110 киловолт ва таҳвилу интиқоли он ба шабакаҳои 35 ва 10 киловолта пешбинӣ шудааст.

Дар ин замина дар маҳаллаи Хатти роҳи шаҳри Кӯлоб зеристгоҳи барқии амалкунандаи Кӯлоб 110/35/6 кв (киловолта) баъди таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ин иншооти энергетикӣ 16 чашмаки содиротӣ насб гардида, хатҳои нави барқии 6, 10 ва 35 киловолта насб шудааст. Дар маҷмуъ, дарозии хатҳои ҳавоии иншооти 10 киловолта 5300 метр ва хатҳои зеризаминии он 8266 метрро ташкил медиҳад.

Дар маҳаллаи Қурбон Асадуллои шаҳр низ  зеристгоҳи барқии 110/10 киловолтаи Ато Саид бунёд ёфтааст. Зеристгоҳи нав дар доираи татбиқи лоиҳаи кам намудани талафоти неру дар вилояти Хатлон, қисмати зеристгоҳҳо дар шаҳри Кӯлоб бунёд гардидааст.

Бо саҳми сокинону соҳибкорони шаҳри Кӯлоб, ҳамчунин, 62,5 километр роҳҳои маҳаллӣ, ки дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти шаҳр таъмиру навсозӣ гардидаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳаҳои Файзобод, Танёл, Хонобод ва Лавоваи ҷамоати деҳоти Даҳана 24 километр, дар маҳаллаи Зарқалъа 8 километр, Хоҷа Исҳоқ 6 километр, Бахтобод 6 километр, Корези Поён 2 километр ва дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Зиракӣ 6,5 километр роҳ мумфарш карда шудааст.

Дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо саҳми соҳибкорони ватанӣ аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Кӯлоб-Пласт лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ  ба нақша гирифта шудааст.

5 октябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи дӯзандагии ҶДММ Ситораи Тоҷро ба таври  фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

Корхонаи коркард ва истеҳсоли саноати сабук дар заминаи Ширкати Ситораи Тоҷ, ки соли 2023 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд, бунёд гардидааст. Бо  мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи дӯзандагии Ситораи Тоҷ 200 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли дастпӯшакҳои сохтмонӣ бо 50 ҷойи корӣ дар назди корхонаи ҶДММ Ғаюр-текстайлро ифтитоҳ намуданд.

Коргоҳи мазкур ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси соҳибкори ватандӯст Акбар Асадулло бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.

Коргоҳи мазкур бо 112 мошинаи истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад.

Ҳоло дар ҶДММ Ғаюр-текстайл ҳудуди 200 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Қобили зикр аст, ки тақрибан 90 фоизи кормандони корхонаро бонувон ташкил медиҳанд.

Иқтидори истеҳсолии моҳонаи коргоҳи нави дастпӯшакҳои сохтмонӣ ба ҳисоби миёна аз 180 ҳазор то 220 ҳазор ҷуфтро ташкил медиҳад.

Дар доираи марҳилаи иловагии сеюм дар назди корхонаи мазкур 277 мошинаи ҷуроббофӣ насб мегардад.

Ҳоло корҳои сохтмонӣ ва дигар тадорукот бо маром идома доранд. Дар назар аст, ки ин коргоҳи нав то ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди истифода қарор гирад ва дар он боз 100 ҷойи кори нав муҳайё гардад.

Дар ин росто, Пешвои миллат изҳори боварӣ намуданд, ки иншооти нав ба рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳо такони ҷиддӣ бахшида, сатҳи зиндагии мардумро боз ҳам хубтар мегардонад.

Тариқи фосилавӣ, ҳамчунин иншооти зиёди сарҳадӣ ва наздисарҳадӣ, аз ҷумла 82 манзили истиқоматӣ барои афсарони Қушунҳои сарҳадӣ, бинои сеошёнаи Отряди сарҳадии Ишкошим, хобгоҳҳо барои сарбозон, нуқтаҳои тиббӣ, пулҳои мошингузар, осорхонаи Пешвои миллат, кохи Спитамен бо 120 ҷойи нишаст, марказҳои хизматрасонӣ ва коргоҳи дузандагӣ барои оилаҳои афсарон  ба истифода доданд.

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти бунёди роҳ барои муҳофизати сарҳади давлатӣ ва насби панҷарадеворҳою камераҳои назоратӣ шинос шуданд.

Дар маҷмуъ зимни сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Кӯлоб 51 иншооти нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, барои бунёди 5 иншооти муҳимми иқтисодиву зербиноӣ санги асос гузошта шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top