Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Дар Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

    Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони муассиса иштирок намуда, вобаста ба мақоми забони давлатӣ, нақши он дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии шаҳрвандӣ андешаронӣ намуданд.

    Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки забон яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ ва ҳастии миллат ба ҳисоб рафта, дар ташаккули худшиносии миллӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа нақши муҳим дорад. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таҳти ҳимоя ва пуштибонии давлат қарор дошта, рушди он аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулият ва эҳтироми хосро тақозо менамояд.

   Иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба таърихи ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ, ҷойгоҳи он дар ҷомеаи муосир, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва истифодаи дурусти забони давлатӣ дар фаъолияти корӣ мубодилаи афкор намуданд.

    Ҳамзамон, зикр карда шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи асолати забони миллӣ ва арҷгузорӣ ба он вазифаи муҳим ба шумор меравад. Зеро забон на танҳо воситаи муошират, балки фарҳанг, маънавиёт ва ҳувияти миллии халқ мебошад.

    Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён таъкид намуданд, ки эҳтиром ба забони давлатӣ ва саҳм гузоштан дар рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст буда, ҳифзу густариши забони тоҷикӣ барои наслҳои имрӯзу оянда аҳамияти бузург дорад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top