Вохурии директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Шурои Британияи Кабир оид ба илм, маориф ва фарҳанг

8 октябри соли 2026 дар толори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ бо директори кишварии Шӯрои Британияи Кабир дар Ӯзбекистон ва масъули кластери ин ниҳод барои минтақаи Осиёи Марказӣ Майкл Ҳоулгейт баргузор гардид.

Вохӯрӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, муаррифии таъриху фарҳанги ғании миллати тоҷик ва баррасии роҳҳои рушди ҳамкориҳои минбаъда баргузор шуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои омӯзиш, ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, муаррифии тамаддуни куҳани тоҷик, эҳё ва муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ, инчунин табодули таҷриба байни кишварҳо дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба фаъолияти ниҳодҳои худ, самтҳои асосии фаъолият ва имкониятҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд. Таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ метавонад барои омӯзишу муаррифии мероси фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар асоси сиёсати «дарҳои боз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар соҳаи таъриху фарҳанг тақвият бахшида, аз ҷумла тавассути табодули таҷриба, баргузории чорабиниҳои муштарак ва омода намудани мутахассисони соҳавӣ дар доираи барномаҳои ҷониби Британияи Кабир ҳамкории минбаъдаро ба роҳ монанд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ иброз намуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top