ҚАЛЪАИ МУҒ — ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БЕҲТАРИН СОДИРКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН» ДАР НОМИНАТСИЯИ «САЙЁҲӢ»

Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихии Қалъаи Муғ»-и шаҳри Истаравшан, ки дар сохтори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содиркунандаи Тоҷикистон» дар номинатсияи «Сайёҳӣ» иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ ва унвони ғолиби озмун гардид.

Ин дастовард бозгӯи таваҷҷуҳ ба ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангии миллӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани мавқеи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон дар муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар мебошад.

Қалъаи Муғ ҳамчун яке аз мавзеъҳои дорои аҳаммияти таърихию фарҳангии шаҳри Истаравшан дар муаррифии таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ нақши муҳим дорад.

Ғолибият дар озмуни мазкур барои муассиса дастоварди назаррас буда, масъулияти онро дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, такмили хизматрасониҳои сайёҳӣ ва муаррифии шоистаи арзишҳои миллии Тоҷикистон боз ҳам тақвият мебахшад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top