ТАБРИКОТ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

             Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо ба фарорасии яке аз санаҳои муҳими таърихӣ-Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, бо камоли эҳтиром самимона табрику шодбош менамояд.

Ин санади сарнавиштсоз таҷассумгари ормонҳои миллӣ, ифодагари иродаи мардуми Тоҷикистон ва роҳнамои асосии рушди давлатдорӣ буда, эҳтиром ва риояи меъёрҳои он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ва ниҳоди давлатӣ ба ҳисоб меравад.

             Ҳанӯз 32-сол муқаддам аз ҷониби мардуми шарафманди кишвар бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ, Конститутсияи давлати навини тоҷикон қабул гардид.

     Конститутсия ба сифати бахтномаи миллат, аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки омӯхтану эҳтироми онро ба фарзандони худ, яъне наслҳои ояндасоз аз хурдсолӣ таҳким намоем.

    Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки маҳз бо сиёсати хирадмандона, дурандешона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз миллати тоҷик бо шарофати афкору андешаи солиму созанда, хештаншиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ, ҳуввияту ҳастии худро ҳифз карда, аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун халқи фарҳангиву тамаддунсоз ва сулҳпарвару озодихоҳ дар арсаи ҷаҳон шинохта шудааст.

     Бори дигар, бо самимияти беандоза ва лутфу каломи беназир, Шумо ва дар симои Шумо аҳли кормандонатонро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, тандурустиву иқболи нек ва ба Ватани маҳбубамон суботи ҷовидонаву пешрафти рӯзафзун орзу менамоем.

Бигзор таҳти ҳимояи Конститутсия ва сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди устувор ва саодати мардуми Тоҷикистон ҳамеша пойдор бошад.

Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонАгентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо ва дар шахси Шумо тамоми кормандони вазорату идораи муҳтарамро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва муборакбод менамояд.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори ташаккули давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро фароҳам оварда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таъмин менамояд.Ин санади сарнавиштсоз таҷассумгари ормонҳои миллӣ, ифодагари иродаи мардуми Тоҷикистон ва роҳнамои асосии рушди давлатдорӣ буда, эҳтиром ва риояи меъёрҳои он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ва ниҳоди давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо ва тамоми ҳайати кормандони вазорату идораи муҳтарам саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, дар фаъолияти пурмасъули давлатӣ комёбиҳои нав, иқдомҳои созанда ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан муваффақиятҳои беназир орзу менамоем.

Бигзор таҳти ҳимояи Конститутсия ва сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди устувор ва саодати мардуми Тоҷикистон ҳамеша пойдор бошад.Бо эҳтиром,

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Бо эҳтиром,

Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top