Табрикоти директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Бо камоли эҳтиром Шумо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.
16 ноябр дар таърихи давлатдории навини тоҷикон санаи муҳимму сарнавиштсоз мебошад. Маҳз 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз бахшида, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва таъмини сулҳу субот нақши муҳим гузошт. Дар ин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Баъдан, 16 ноябри соли 1994, нахустин маротиба ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва муаррифии тамаддуни пурғановати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфт.

Бо ташаббус ва дастгирии Роҳбари давлат ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар арзишҳои фарҳангии миллӣ мавриди таваҷҷуҳи бештар қарор гирифта, барои ҳифз, омӯзиш, эҳё ва тарғиби онҳо тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд.

Мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллат, оинаи таърихи гузаштагон ва сарвати бебаҳои маънавии ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани ин ганҷинаи миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст.

Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар партави сиёсати давлатӣ ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ, омӯзишу таҳқиқ ва муаррифии мероси ғании фарҳангии миллат фаъолияти худро идома медиҳад.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба мардуми кишвар сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, рӯзгори обод ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоии бештар орзу менамоям.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top