Созмони Милали Муттаҳид Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайёмро ҳамчун шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик муаррифӣ намуд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба муаррифии шахсият ва мероси илмӣ, фарҳангӣ ва таърихии ду нобиғаи илму адаби тоҷик – Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор гардид.

Дар доираи ҳамоиши мазкур ба саҳми арзишманди ин ду мутафаккири барҷаста дар рушди илму маърифат, фалсафа, тиб, риёзиёт, нуҷум ва адабиёти ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҳамзамон, Созмони Милали Муттаҳид бо таъкид ба мақому манзалати таърихии Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём, онҳоро аз шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик муаррифӣ намуд.

Баргузории чунин ҳамоиши байналмилалӣ дар арсаи Созмони Милали Муттаҳид барои муаррифии шоистаи таъриху тамаддуни миллати тоҷик, арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои ниёгон ва таҳкими ҷойгоҳи фарҳанги миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ аҳаммияти муҳим дорад

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top