Қалъаи Сарвода дар водии дарёчаи Пасруд, дар километри 125 шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд ҷойгир аст. Қалъа чоркунҷа буда, шакли гулдастаро бо манораҳои росткунҷа дорад, ки аз санг ва хишти хом сохта шудаанд. Дар дохили қалъа боқимондаҳои хонаҳо дида мешаванд. Қалъа мансуби асрҳои XVII- XIX буда, дар он ҳокими водии фан зиндагӣ мекард.



