ҚАЛЪАИ БЕШКЕНТ

Қалъаи Бешкент дар канори  ҷануби шарқии деҳаи  ҳамном ноҳияи Носири Хусрав воқеъ шудааст. Он дар болои теппаи маснуъ начандон дуртар аз Чилучорчашма  қарор дорад. Тарҳи он росткуҷа  бо ҳаҷми 100 х 50 м мебошад. Дар дохили арк харобаҳои толор ва дигар иморатҳои истиқомативу анҷомхона дида  мешаванд, ки  бо арақа кандакорӣ шудаанд. Деворҳои беруна низ кандакорӣ шудаанд Санагузорӣ: ба қарнҳои VII-III пеш аз милод,  II пеш аз милод – IV милодӣ,  XV-XX милодӣ мансуб аст.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top