МАҚБАРАИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Мақбара дар маркази шаҳр буда, мадфани ориф ва файласуф Амир Ҳамадонӣ ва авлодони ӯ мебошад. Ёдгорӣ сохтори долонӣ – гунбазӣ бо тарҳи ҷайри мутаносибро  дорад. Ҳашт ҳуҷраи равоқӣ – гунбазӣ ба воситаи долони умумӣ бо якдигар пайваст шуда, тарҳи сохтмониеро иборат аз ду меҳвари нисбат ба ҳамдигар ба таври амудӣ воқеъбуда бо андозаи 23,8х21, ташкил медиҳад. Бино аз хишти пухта ва маҳлули гилӣ, вале гунбазҳо аз маҳлули гаҷӣ бунёд гардидаанд. Дар атрофи мақбара якчанд сағона ҳафр шудаанд, ки ба авлоди Ҳамадонӣ мансубанд. Санагузорӣ: ба қарнҳои XIV – XVI мелодӣ мансуб мебошад. 

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top