
Аз 10 то 14 майи соли равон бо ташабуси Агенти ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирию ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад.
Дар ҳамоиши мазкур олимон, муҳаққиқон, таърихшиносон, бостоншиносон ва меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуда, доир ба таърихи Хутал, нақши он дар ташаккули забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақа, маърӯза ва мусоҳибаҳо анҷом медиҳанд.
Ҳадафи баргузории ин ҳамоиш тарғиб, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии Хутали қадим, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Барномаи ҳамоиш, баргузории нишастҳои илмӣ, боздид аз ёдгориҳои таърихӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро дар бар мегирад.
Хоҳишмандон ва меҳмонон дар ин ҳамоиши байналмилалӣ метавонанд иштирок намоянд.


