Ҳамватанони гиромӣ! Шуморо ба муносибати Рӯзи Ғалаба самимона табрик менамоем. Ин рӯзи таърихӣ рамзи ҷасорат, матонат ва қаҳрамониҳои фарзандони далери миллат буда, хотираи неки онҳо ҳамеша дар қалбҳо зинда хоҳад монд.
Бигзор сулҳу субот, ваҳдату оромӣ ва осмони соф ҳамеша насиби Тоҷикистони азизамон гардад. Ба ҳар як хонадони кишвар саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори обод орзу менамоем.
Рӯзи Ғалаба муборак!

Маъмурияти Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон/


