Имрӯз иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» ба шаҳристони Ҳулбуки ноҳияи Восеъ сафар карда, бо ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар ин мавзеъ шинос шуданд. Инчунин дар ин рӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ филми мустанади «Хутали қадим» муаррифӣ гардид.







