ИДОМАИ СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ХУТАЛИ ҚАДИМ- ПОЙГОҲИ ЗУҲУРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-ФОРСӢ ВА ТАМАДДУНИ БОСТОНИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

     Имрӯз, 12 майи соли 2026 иштирокчиёни Симпозиуми  ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафар намуданд. Меҳмононро дар фазои гарму самимӣ раиси ноҳияи Ховалинг ва дигар масъулини ноҳия истиқбол гирифтанд. Дар ҳайати меҳмонон намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вилояти Хатлон, олимону бостоншиносон, муҳаққиқони ватанию хориҷӣ, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими кишвар, ҳузур доштанд. Ҳадаф аз ин сафар ошноӣ бо мероси таърихию фарҳангии ноҳия ва мавзеи таърихӣ-табиии Кулдара, Осорхонаи асри санги Ховалинг ва Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» ноҳия мебошад. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ноҳияи Ховалинг ҳамчун яке аз минтақаҳои куҳанбунёди кишвар дар муаррифии таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик саҳми арзанда дорад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top