ТАШРИФИ МЕҲМОНОНИ СИМПОЗИУМИ  БАЙНАЛМИЛАЛӢ  АЗ ҚАЛЪАИ  БАЛҶУВОНИ  НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

       13 май дар доираи баргузории Симпозиуми байналмилалӣ иштирокчиён ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сафар намуданд. Меҳмононро сокинони меҳмоннавози ноҳия дар фазои гарму самимӣ истиқбол гирифта, барои онҳо барномаи фарҳангӣ ва муаррифии анъанаҳои миллӣ пешниҳод гардид. Дар маросими истиқбол раиси ноҳияи Балҷувон ва дигар масъулини маҳаллӣ иштирок намуда, меҳмононро ба ин минтақаи таърихиву фарҳангии кишвар хайрамақдам гуфтанд.

     Дар ҳайати меҳмонон намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вилояти Хатлон, олимону бостоншиносон, муҳаққиқони ватанию хориҷӣ, инчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими кишвар ҳузур доштанд. Иштирокчиён аз аҳамияти омӯзиши таърихиу фарҳанги куҳани тоҷикон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки чунин сафарҳо барои таҳкими робитаҳои илмӣ ва муаррифии мероси ғании миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд

     Мақсади асосии сафарро шиносоӣ бо ёдгориҳои таърихию фарҳангии минтақа, омӯзиши мавзеъҳои бостонӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Дар ин замина меҳмонон аз Қалъаи Балҷувон боздид намуда, бо таърихи пурғановат ва мавқеи муҳими он дар ҳаёти сиёсиву фарҳангии гузашта шинос шуданд. Ба иштирокчиён иттилоъ дода шуд, ки Қалъаи Балҷувон яке аз ёдгориҳои муҳими таърихии минтақа ба шумор рафта, аз давраҳои гуногуни таърихӣ нишонаҳои арзишмандро дар худ нигоҳ доштааст.

   

   Иштирокчиёни Симпозиум чунин иқдомҳоро барои муаррифии имкониятҳои илмиву фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки мероси таърихии тоҷикон метавонад ҳамчун пули дӯстӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ хизмат намояд. Сафар дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифта, барои меҳмонон таассуроти нек ба ҷо гузошт.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top