Маҳаллаи сафолпазони Бунҷикат дар ноҳияи Шаҳристон (димнаи Шаҳристон) дар сойи Гургхона воқеъ гардидааст. Сойи номбурда бо Шаҳристонсой мувозӣ буда, дар ҳар ду соҳили он боқимондаҳои хумдонҳои сафолпазӣ ва биноҳои маишӣ ва истеҳсолӣ ба назар мерасанд. Масоҳати умумии ёдгорӣ 100 х 100 м буда, ба қарнҳои IX – XI мансуб мебошад.



