ҚАЛЪАИ ЧИЛҲУҶРА

Ёдгорӣ дар масофаи 2, 5 км аз самти ҷанубии шаҳраки Шаҳристон дар самти ғарбии роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд болои барҷастагии теппашакли доманаи силсилакуӣ дар маҳаллаи ҳамроҳшавии рудҳои Ҷарқутан ва Шаҳристон воқеъ гардидааст. Қалъа аз ду ошёна иборат буд.. Ошёнаи  якум аз ду қисм – бинои марказӣ ва силсилаи роҳраву даҳлезҳои фаръӣ иборат буд. Дар марказӣ қалъа чор ҳуҷра  мавҷуд аст. Ошёнаи дувум аз толори калони ташрифотӣ ва якчанд ҳуҷраҳои хурде, ки толлорро ба шакли ҳарфи Г иҳота кардаанд, иборат мебошад. Чилҳуҷра ёдгории арзишманди меъмории давраи аввали асримиёнагии минтақаи кӯҳистони Уструшана ба ҳисоб меравад. Қалъа ба қарнҳои V – IX мелодӣ мансуб аст.  

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top