Дар 1,5 км қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Панҷакент ҷой гирифта, аз 3 қисмат кӯҳандиз, шаҳристон ва қабристон иборат аст. Шаҳристон 14 га – ро ташкил медиҳад ва қариб ба пуррагӣ ҳаффорӣ шудааст. Кӯҳандиз ва қабристон бошанд қисман кофтуков шудаанд. Хонаҳо асосан аз хишти хом ва похса сохта шудаанд. Шаҳр мансуби асрҳои V – VIII мебошад. Ёдгорӣ дар доираҳои илмӣ бо номи <Помпеи Шарқӣ> низ машҳур аст.



