
Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар ин замина гиромидошти хотираи қаҳрамонони миллат ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони фарзонаи тоҷик аҳаммияти махсус пайдо намудааст.
Бо мақсади пос доштани мероси таърихӣ ва эҳтиром ба ҷоннисориҳои фарзандони миллат, дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Зимни баргузори мизи мудаввар таъкид карда шуд, ки овардани хоки қаҳрамонони миллат — Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад рамзи эҳтиром ба таърих ва қадршиносӣ аз хизматҳои арзандаи онҳо дар роҳи ташаккули давлатдории тоҷикон мебошад.
Иштирокчиёни мизи мудаввар доир ба нақши шахсиятҳои таърихӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ибрози назар намуданд.
Қайд гардид, ки чунин иқдомҳо барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва саҳифаҳои пурифтихори таърихи тоҷикон нақши муҳим мебозад.




