Имрӯз мо дар фазои эҳтиром ба таърихи миллӣ, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ гирд омадаем, то як рӯйдоди бисёр муҳиму таърихиро мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Тавре ҳамагон шоҳид гардидем, санаи 19 май бо ташаббус ва ҳидояти хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат — Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи барҷастаи фарҳангии миллат Нисор Муҳаммад ба Ватан оварда шуд.
Ин иқдоми таърихӣ танҳо як маросими рамзӣ набуд. Ин рӯйдод эҳёи хотираи таърихӣ, барқарорсозии адолати таърихӣ ва арҷгузории олии давлат ба фарзандони фидокори миллат мебошад.
Таърих собит намудааст, ки миллатҳое, ки гузашта ва фарзандони содиқи худро гиромӣ медоранд, ояндаи устувор ва давлатдории пойдор доранд. Маҳз бо чунин сиёсати хирадмандона имрӯз дар Тоҷикистон эҳёи арзишҳои миллӣ ба як самти муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи он шахсиятҳое буданд, ки дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихӣ барои муайянсозии сарнавишти миллат, ҳифзи манфиатҳои тоҷикон ва таъсиси давлатдории миллӣ мубориза бурданд. Онҳо барои бақои миллати тоҷик, барои соҳибномии Тоҷикистон ва барои шинохти тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун хизматҳои бузург анҷом додаанд.
Нисор Муҳаммад низ ҳамчун шахсияти фарҳангиву маънавӣ дар ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ саҳми назаррас гузоштааст. Имрӯз арҷгузорӣ ба чунин чеҳраҳо, дар асл, арҷгузорӣ ба тамоми таъриху фарҳанги миллати тоҷик мебошад.
Мо бояд амиқан дарк намоем, ки ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ танҳо ҳифзи ёдгориҳо нест. Ин пеш аз ҳама ҳифзи хотираи таърихӣ, ҳифзи шахсиятҳо, ҳифзи худшиносӣ ва ҳифзи рӯҳи миллат мебошад.
Бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо ёдгориҳои таърихӣ эҳё гардиданд, осори гаронбаҳои миллӣ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, ҷашнҳои бузурги миллӣ ва тамаддунӣ таҷлил гардиданд ва омӯзиши таърихи миллӣ ба марҳилаи нав ворид шуд.
Имрӯз тамоми ҷомеаи Тоҷикистон шоҳиди он аст, ки масъалаи гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ дар меҳвари сиёсати фарҳангии давлат қарор дорад. Ин раванд барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ аҳамияти бузург дорад.
Бозгардонидани хоки фарзандони фарзонаи миллат ба Ватан маънои хеле амиқи маънавӣ дорад. Ин иқдом ба ҷаҳониён паём медиҳад, ки миллати тоҷик фарзандони содиқи худро фаромӯш намекунад. Давлат ва миллат хизматҳои онҳоро қадр менамояд ва хотираи онҳоро пос медорад.
Ин рӯйдод ҳамзамон рамзи пирӯзии ҳақиқат ва эҳёи адолати таърихӣ мебошад. Он шахсиятҳое, ки барои миллат хизмат карданд, имрӯз бо эҳтироми шоиста ба оғӯши Ватан баргардонида шуданд.
Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иқдомҳои ватандӯстона ва таърихиро ҳамчун заминаи муҳими таҳкими худшиносии миллӣ арзёбӣ намуда, минбаъд низ барои омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии миллат тамоми имкониятҳоро сафарбар менамояд.
Мо вазифадорем, ки корнома ва хизматҳои фарзандони фарзонаи миллатро ба насли ҷавон дуруст муаррифӣ намоем, то ҷавонони кишвар аз онҳо дарси ватандӯстӣ, ҷасорат, садоқат ва фидокорӣ омӯзанд.
Дар фарҷом мехоҳам таъкид намоям, ки ин иқдоми бузурги таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.
Зеро миллате, ки гузаштаашро гиромӣ медорад, ояндаи дурахшон месозад.



