Табрикоти директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Шералӣ Хоҷазода бахшида ба Рӯзи ҷавонони ТоҷикистонИмрӯз мардуми созандаи тоҷик дар арафаи таҷлили яке аз санаҳои муҳими замони соҳибистиқлолии мамлакат-таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қарор доранд.Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ироагадидаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат дар соли 2024 иброз доштанд, ки “Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем”.Тоҷикистон ватани ҷавонон буда, нақш ва мавқеи онҳо имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ баръало эҳсос карда мешавад. Аз ин лиҳоз яке аз масъалаҳои мубраме, ки ҳамаи мо нисбати он бояд бо тамоми масъулият ва ҷиддият муносибат намоем, дар қалбу шуури ҷавонон бештар тақвият бахшидани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ буда, имрӯз ҷавонони мо бояд дар чунин руҳияе ба воя расанд, ки барояшон ҳар пораи хоки Ватан азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург донанд.Ҳар як ҷавони бонангу номусро мебояд, ки Ватанро дӯст доранд, аз он ифтихор кунанд ва бо шукргузорӣ аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик дар бунёди имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошанд.Ҳамаи шумо – давомдиҳандагони таъриху фарҳанги қадимаи ин миллати куҳанбунёд, ки сарчашмаи иқдомҳои наву созанда мебошад, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саодати рӯзгор, хушбахтӣ ва дар кору пайкори ободгаронаатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон пирӯзиҳо орзу дорам.Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон муборак!

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top