Корҳои омодагӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» идома доранд.
Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, баргузор карда мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, озмун дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат гузаронида шуда, моҳи ноябри соли равон ҷамъбаст мегардад.
Озмун бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар робита ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи таъриху фарҳанги миллӣ доир мешавад.
Мақсад аз он тарғиби таъриху фарҳангӣ миллӣ дар ҷомеа, хусусан дар байни наврасон ва ҷавонон, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Аз ин хотир Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддию ғайримоддии миллати худ онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста ва ҳадафмандона муаррифӣ намоем.
«Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдодонамон онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба наслҳои оянда ба мерос гузорем», — изҳор намуданд Президенти Тоҷикистон.



