Қалъаи Дороб яке аз ёдгориҳои таърихиюу бостонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин қалъа дар соҳили рости дарёи Элок ноҳияи Файзобод, дар наздикии деҳаи Бобои Валӣ ҷойгир шудааст. Қалъа шакли теппаи баланду дарозрӯя дошта, баландии он 8 метрро ташкил медиҳад. Ба ақидаи муҳаққиқон, Қалъаи Дороб ба асрҳои миёна мансуб дониста мешавад.
Имрӯз Қалъаи Дороб ҳамчун яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии ноҳияи Файзобод шинохта шуда, диққати муҳаққиқон ва дӯстдорони таърихро ба худ ҷалб менамояд.



