Қалъаи Сангин

Қалъаи Сангин яке аз ёдгориҳои таърихию бостонии ноҳияи Файзобод ба шумор меравад. Ин ёдгорӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Файзобод, тақрибан 1,5 километр шарқтар аз маркази ноҳия ва дар наздикии деҳаи Дарачиён ҷойгир шудааст. Қисмати шарқии қалъаро қабристони фаро гирифтааст.

Масоҳати умумии ёдгорӣ тақрибан 80 га ташкил медиҳад. Ба ақидаи муҳаққиқон, ин мавзеъ харобаҳои шаҳри бостонии Вашгирд мебошад, ки дар гузашта яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ ва фарҳангии минтақа ба ҳисоб мерафт. Шаҳри Вашгирд дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳамчун яке аз шаҳрҳои ободу пешрафта ёд шудааст.

Қалъа дар байни аҳолӣ бо номи «Тали Вазҷир» низ маъруф аст. Ин ном дар шаклҳои гуногун дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардида, ба таърихи қадимаи маҳал иртибот дорад. Бозёфтҳои бостоншиносӣ нишон медиҳанд, ки ин маҳал аз қарни IV то XIII мелодӣ буда, дар тӯли асрҳо ҳамчун маркази аҳолинишин рушд кардааст.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top