Кормандони дастгоҳи марказии Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистону Фаронса, ки дар водии Рашт, аз ҷумла дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш баргузор мегардад, иштирок доранд.
Айни замон корҳои тадқиқотию ҷустуҷӯии бостоншиносӣ дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию бостонии ноҳияи Тоҷикобод идома дошта, мутахассисон ба омӯзиш, сабт ва таҳқиқи мавзеъҳои таърихии минтақа машғул мебошанд.
Ҳадафи асосии экспедитсия муайян намудани аҳаммияти илмӣ ва таърихии ёдгориҳо, омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси фарҳангии минтақа ва ғанӣ гардонидани маълумоти илмӣ оид ба таърихи қадимаи водии Рашт мебошад.
Пас аз анҷоми корҳои саҳроӣ ва таҳқиқоти бостоншиносӣ натиҷаҳои бадастомада ҷамъбаст гардида, дар асоси онҳо хулосаҳои мушаххаси илмӣ таҳия ва пешниҳод хоҳанд шуд.



