26 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Шоми ваҳдату ҳамдилӣ» баргузор мегардад.
Ҳамоиши мазкур бо мақсади таҳкими арзишҳои Ваҳдати миллӣ, тарғиби ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.
Дар чорабинӣ кормандони дастгоҳи марказии Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, роҳбарону кормандони зерсохторҳои Агентӣ, инчунин фаъолон, зиёиён ва дигар меҳмонон иштирок хоҳанд намуд.
Зимни ҳамоиш маърӯзаҳо оид ба нақши таърихии Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди ҷомеа ва пешрафти кишвар ироа гардида, ҳамзамон барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон пешкаши ҳозирин мегардад.
Ин чорабинӣ ба таҳкими рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва ифтихори миллӣ мусоидат намуда, аҳаммияти сулҳу суботро ҳамчун омили асосии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар муаррифӣ хоҳад кард.



