Душанбе 24 июни соли 2026. Дар Ёдгории таърихии Қалъаи Муғ, воқеъ дар шаҳри Истаравшан, корҳои ҳафриёти бостоншиносӣ аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.
Ба иттилои масъулон, ҳадафи асосии ковишҳои бостоншиносӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ёдгорӣ, муайян намудани хусусиятҳои таърихию фарҳангии он ва дарёфти бозёфтҳои нави дорои аҳамияти илмӣ мебошад.
Дар ҷараёни корҳои таҳқиқотӣ мутахассисон қабатҳои гуногуни фарҳангиро мавриди омӯзиш қарор дода, бозёфтҳои арзишманди таърихиро ошкор намуда истодаанд. Ин бозёфтҳо метавонанд барои омӯзиши таърихи қадимаи минтақа ва рушди тамаддуни тоҷикон маълумоти муҳим пешниҳод намоянд.
Қалъаи Муғ аз ҷумлаи ёдгориҳои муҳими таърихию фарҳангии кишвар ба шумор рафта, мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқону бостоншиносони қарор дорад. Натиҷаҳои корҳои ҳафриётӣ барои ғанӣ гардонидани маълумот дар бораи таърихи гузашта ва ҳифзи мероси фарҳангии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки корҳои бостоншиносӣ дар ин мавзеъ тибқи нақша идома ёфта, натиҷаҳои нави таҳқиқот баъд аз анҷоми марҳилаи навбатии ковишҳо пешниҳод хоҳанд шуд.



