БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ «ШОМИ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ»

26 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Шоми ваҳдату ҳамдилӣ» баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур бо мақсади таҳкими арзишҳои Ваҳдати миллӣ, тарғиби ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Дар чорабинӣ кормандони дастгоҳи марказии Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, роҳбарону кормандони зерсохторҳои Агентӣ, инчунин фаъолон, зиёиён ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Ҳамоишро раиси ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоуддин ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба муносибати ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона хайрамақдам гуфт. Сипас, директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Шералӣ доир ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди ҷомеа ва пешрафти кишвар суханронӣ намуд.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони манзури ҳозирин гардонида шуда, фазои ҳамдилӣ, дӯстӣ ва ифтихори миллиро боз ҳам тақвият бахшид.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top