НАТИҶАГИРӢ АЗ ЭКСПЕДИТСИЯИ МУШТАРАКИ БОСТОНШИНОСИИ ТОҶИКИСТОНУ ФАРОНСА

     Имрӯз дар толори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаи экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистону Фаронса баргузор гардид. Экспедитсия аз 9 то 30 июни соли 2026 дар водии Рашт, аз ҷумла дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш, корҳои саҳроӣ ва таҳқиқотӣ анҷом дода шуд.

Дар ҷаласа роҳбарияти Агентӣ, мутахассисон ва аъзои экспедитсия иштирок намуданд. Зимни ҷаласа роҳбари экспедитсияи ҷониби Фаронса Олвиер Бардо оид ба натиҷаи корҳои саҳроӣ ва таҳқиқоти илмии анҷомдодашуда гузориш пешниҳод намуд.

Дар идомаи ҷаласа роҳбари гурӯҳи тадқиқотӣ оид ба корҳои иҷрошуда, бозёфтҳои нави бостоншиносӣ, натиҷаҳои омӯзиши ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва таҳқиқоти илмии анҷомёфта маълумоти муфассал ироа намуд. Қайд гардид, ки корҳои саҳроӣ мутобиқи нақшаи пешбинишуда бомуваффақият анҷом ёфта, дар натиҷаи таҳқиқот маълумоти нави илмӣ оид ба таърих ва фарҳанги қадимаи Тоҷикистон ба даст оварда шуд.

Иштирокчиёни ҷаласа натиҷаҳои бадастомадаро муҳокима намуда, ҷиҳати таҳлили амиқи бозёфтҳо, омода намудани хулосаҳои илмӣ, нашри мақолаҳои муштарак ва густариши ҳамкориҳои минбаъдаи илмӣ байни муассисаҳои илмии Тоҷикистону Фаронса пешниҳодҳои мушаххас ироа карданд.

Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки ҳамкориҳои илмии Тоҷикистону Фаронса дар самти бостоншиносӣ барои омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси ғании таърихию фарҳангии кишвар аҳаммияти бузург дошта, идомаи чунин экспедитсияҳои муштарак ба рушди илми бостоншиносӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва муаррифии мероси фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top