Имрӯз, дар толори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2026, таҳти №24/10-66, мушовараи ҷамъбастии фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори мушовара намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Агентӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони ташкилотҳои низоми Агентӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Мушовараро директори Агентӣ Хоҷазода Шерали Раҷаб ифтитоҳ намуда, доир ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар шаш моҳи аввали соли 2026 ва вазифаҳои минбаъдаи соҳа ибрози назар кард.
Сипас, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳо ва роҳбарони ташкилотҳои низоми Агентӣ аз рӯйи самтҳои фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод намуда, оид ба иҷрои нақшаҳои корӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии кишвар, инчунин масъалаҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо гузориш доданд.
Зимни мушовара масъалаи «Фаъолияти Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026» мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Агентӣ таҳлил ва барои боз ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар нимсолаи дуюми соли 2026 вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд.
Дар фарҷоми мушовара ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои низоми Агентӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳо, таҳкими интизоми хизматӣ, баланд бардоштани сифати фаъолият ва таъмини ҳифзу нигоҳдории мероси таърихию фарҳангии кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.




