АРҶГУЗОРӢ БА ХОТИРАИ ШАХСИЯТҲОИ ТАЪРИХӢ

   9 июли соли 2026. Роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарони ташкилотҳои низоми Агентӣ, бо мақсади арҷгузорӣ ба хотираи фарзандони фарзонаи миллат аз оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва маорифпарвари шинохтаи тоҷик Нисор Муҳаммад, воқеъ дар оромгоҳи «Лучоб»-и шаҳри Душанбе, боздид намуда, бо гузоштани гулчанбар ба хотираи неки онҳо эҳтиром гузоштанд.

   Зимни ин маросим таъкид гардид, ки шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ бо фаъолияти ватандӯстона ва хизматҳои арзишманди худ дар роҳи бунёди давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди маърифати ҷомеа дар таърихи халқи тоҷик ҷойгоҳи шоиста доранд. Мероси онҳо имрӯз низ ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан, масъулияти шаҳрвандӣ ва худшиносии миллӣ барои наслҳои имрӯзу фардои миллат аҳаммияти бузурги тарбиявӣ дорад.

   Арҷгузорӣ ба хотираи чунин шахсиятҳои таърихӣ ифодагари эҳтиром ба гузашта, қадршиносии хизматҳои фарзандони барӯманди миллат ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ мебошад.

   Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муште аз хоки оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба шаҳри Душанбе оварда шуда, Ки ин иқдом нишонаи арҷгузорӣ ба хотираи абармардони миллат ва пос доштани хизматҳои таърихии онҳо ба ҳисоб меравад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top