Қалъаи Деруж дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сеҷи ноҳияи Роштқалъа, дар соҳили рости дарёи Шоҳдара, дар болои харсанги бузурге бо масоҳати тақрибан 600 метри мураббаъ ҷойгир шудааст.
Қалъа бо деворе, ки ғафсиаш аз 50 то 65 сантиметрро ташкил медиҳад, иҳота гардидааст. Девор аз хишти хом бо андозаи 33–34 × 24 × 9–10 сантиметр сохта шудааст. То имрӯз аз ин қалъа ду манора боқӣ мондааст.
Тибқи маълумоти бостоншиносӣ, Қалъаи Деруҷ ба асрҳои VII–VIII мелодӣ тааллуқ дорад.



