Дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома доранд.
Дар ҳамин замина, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои панҷарабандии гирду атрофи ёдгории таърихии Шаҳристони Ҳулбук ҷараён доранд.
Ҳадаф аз татбиқи ин иқдом ҳифзу нигоҳдории яке аз ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии кишвар, пешгирӣ аз таъсири омилҳои беруна, беҳтар намудани намуди зоҳирии мавзеъ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои қабули меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад.
Шаҳристони Ҳулбук ҳамчун яке аз муҳимтарин ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон дорои арзиши баланди илмиву фарҳангӣ буда, ҳифзу нигоҳдорӣ ва ободонии он аз самтҳои муҳими сиёсати давлат дар соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
Корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди ин ёдгории таърихӣ тибқи нақша идома дошта, дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонида мешавад.




