ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САФИРИ ПОДШОҲИИ МУТТАҲИДАИ БРИТАНИЯИ КАБИР ВА ИРЛАНДИЯИ ШИМОЛӢ

         Дар доираи таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба, Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Кэтрин Смиттон, ҳамроҳ бо ҳайати намояндагони Сафорат ба Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.  

Меҳмононро директори  Агентӣ Хоҷазода Шералӣ Раҷаб истиқбол намуда, зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифз, омӯзиш, тармим, муаррифӣ ва истифодаи оқилонаи мероси таърихию фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

          Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба мубодилаи таҷрибаи касбӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби мутахассисон, инчунин густариши ҳамкорӣ бо ниҳодҳои фарҳангии байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ метавонад ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши муколамаи байнидавлатӣ мусоидат намояд.

          Ҳамзамон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ бо самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ, дастовардҳо ва нақшаҳои минбаъдаи он дар соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид.

           Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстона изҳор намуда, ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд андешаҳои хешро баён намуданд.

  

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top