Кормандони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории корҳои муайянсозӣ, шиносоӣ, омӯзиш ва таҳқиқи вазъи ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию бостонии кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик ва Восеъ, инчунин ҷамъоварии маълумоти саҳеҳ оид ба вазъи ёдгориҳои таърихию бостонӣ ва таҳияи маводи таҳлилӣ ба сафари хизматӣ сафарбар карда шудаанд.
Дар натиҷаи корҳои омӯзишии анҷомдодашуда аз ҳудуди ёдгориҳои бостонии ноҳияи Темурмалик як қатор бозёфтҳои нодири мансуб ба асри Биринҷ ва давраи Кушониён ки мансуб ба давлатдорӣ шаҳрсози,хоҷагидории ниёгон бозёф карда шуданд.
Бозёфтҳои мазкур дорои аҳамияти баланди илмӣ ва таърихӣ буда, айни замон мавриди омӯзиш ва таҳқиқоти илмии мутахассисон қарор доранд. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ пас аз анҷоми омӯзиш дар шакли ҳисоботи илмӣ ва таҳлилӣ пешниҳод хоҳанд гардид.





