Шанбегии дастаҷамъона дар муассисаи давлати «мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук». Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи тадбирҳои бахшида ба Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, дар Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук» шанбегии дастаҷамъонаи баргузор гардид.Дар ҷараёни ин иқдом кормандони муассиса ба корҳои ободонӣ ва тозагардонии гирду  атроф Қалъа  ҷалб гардида, саҳни муассиса, роҳравҳо ва гирду атрофи биноро тоза намуданд.Ҳамзамон, гурӯҳи дигари кормандон корҳои тозакунӣ ва шустушӯи дохили биноро анҷом дода, толорҳои экспозитсионӣ, утоқҳои корӣ ва дигар ҳуҷраҳои хизматиро ба тартиб дароварданд.Муассисаи давлатии «Мамнугоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбк» барои дар сатҳи баланд истиқболи меҳмонон ва қабули тамошобинон дар рӯзҳои ҷашнӣ истиқлоли давлатӣ омода мебошад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top