БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ДАР  «ОСОРХОНА – МАМНӮЪГОҲИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДАНҒАРА»

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи тадбирҳои бахшида ба соли вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва ҷиҳати тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, дар Муассисаи давлатии «Осорхона–мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» шанбегии дастҷамъона баргузор гардид.

Дар рафти шанбегӣ кормандони муассиса дар корҳои ободонӣ, тозаву озода намудани ҳудуди осорхона, ёдгории таърихии Мавлоно Точиддин ва гирду атрофи онҳо фаъолона иштирок намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани муҳити атроф саҳми худро гузоштанд.

Чунин иқдомҳои созандаву ободкорона бо иштироки кормандони муассиса то баргузории ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳанд ёфт.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top