Имрӯз дар толори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатӣ оид ба натиҷаҳои корҳои ҳафриёти бостоншиносӣ аз ёдгории бостонӣ Қаландартеппа, воқеъ дар шаҳри Панҷакент баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарияти Агентӣ, мутахассисони соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, бостоншиносон ва дигар масъулини соҳа иштирок намуда, раванди корҳои саҳроии, бозёфтҳои илмӣ ва масъалаҳои марбут ба ҳифзу нигоҳдории ёдгории мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни ҷаласа роҳбари экспедитсияи бостоншиносӣ Раҷабзода Бобоҷон оид ба корҳои анҷомдодашуда ҳисобот пешниҳод намуда, иброз дошт, ки ҳафриёти илмӣ дар Қаландартеппа тибқи нақшаи тасдиқшуда идома дошта, дар ҷараёни таҳқиқот як қатор бозёфтҳои арзишманди таърихию фарҳангӣ ошкор гардидаанд.
Қаландартеппа дар 25 километр ҷанубу шарқтар аз шаҳри Панҷакент, дар ҳудуди деҳаи Мазори Шариф ҷойгир буда, масоҳати он тақрибан 4 гектарро ташкил медиҳад. Ёдгорӣ дар теппаи табиӣ чойгир шуда, аз се теппа ва чор майдончаи ҳамвор иборат аст.
Ин ёдгорӣ ҳанӯз аз соли 1947 ба илм маълум буд. пешина аз сатҳи он сафолпораҳои асрҳои VI–XII-ро ошкор намуда буданд. Экспедитсияи ҷустуҷӯии соли 2025 низ ин маълумотро тасдиқ кард. Бо мақсади муайян намудани даврабандӣ ва хусусияти ёдгорӣ, аз 28 май то 10 июли соли 2026 ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуд.
Дар оғози корҳои саҳроӣ топографияи ёдгорӣ омӯхта шуда, аз сатҳи он сафолпораҳо, ашёи фулузӣ ва чор танга пайдо гардиданд. Аз ҷумла, ду танга ба давраи Сомониён ва ду танга ба навъи Бухорхудот бо навиштаҷоти арабӣ мансуб мебошанд.
Ҳафриёт дар се объект гузаронида шуд. Аз ин объект тангаҳои ҳокимони Суғд — Вархуман, Уккурт Чамук, Шишпир ва Ғурак, инчунин ашёи зиёди оҳанӣ ва биринҷӣ, ҷавоҳирот ва миқдори зиёди сафолҳои асрҳои VII–VIII ба даст омаданд.
Натиҷаҳои ҳафриёти соли 2026 собит намуданд, ки Қаландартеппа деҳкадаи дорои сохтори мукаммали меъморӣ буда, аз биноҳои истиқоматӣ, хоҷагӣ ва эҳтимолан намояндагӣ иборат мебошад. Кашфи толори бошукӯҳ ва ҳуҷраи дорои сутунҳои гилӣ аҳамияти илмии ёдгориро хеле баланд мебардорад.
Дар айни замон қисми зиёди ёдгорӣ ҳанӯз омӯхта нашудааст. Аз ин рӯ, идомаи корҳои саҳроӣ ва таҳлилҳои лабораторӣ барои муайян намудани хронология, сохтори шаҳрсозӣ ва хусусиятҳои иқтисодии деҳкада аҳамияти муҳим доранд.
Дар анҷоми ҷаласа роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати идомаи корҳои таҳқиқотӣ, ҳифзи бозёфтҳо ва риояи талаботи меъёрҳои илмӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.





