НАТИҶАҲОИ ТАҲҚИҚОТИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР ЁДГОРИИ МЕЪМОРИИ КАШФШУДАИ ДЕҲАИ ҒАРАҒАРАИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Дар натиҷаи корҳои омӯзишӣ ва таҳқиқоти бостоншиносии дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Корез, деҳаи Ғарағар, ноҳияи Данғара, иншооти меъмории эҳтимолан дафнӣ ошкор ва мавриди таҳқиқ қарор гирифт. Бо назардошти хусусиятҳои сохторию меъмории иншоот, он дар марҳилаи кунунии таҳқиқот ҳамчун сағона муайян карда шуд.

Мақсади асосии корҳои бостоншиносӣ муайян намудани сохтори меъмории сохтмон, маводи истифодашуда, хусусияти функсионалии иншоот ва муайян намудани ҷойгоҳи он дар низоми ёдгориҳои таърихию меъмории асримиёнагии ба асрҳои IX–XII мелодӣ, мансуб буда, метавонад бо марҳилаи рушди меъморӣ ва фарҳанги моддии давраи Сомониён мебошад.

Таҳқиқоти омӯзиши бостоншиносӣ нишон дод, ки қисми ҳифзшудаи иншоот аз хишти пухта бунёд гардидааст. Андозаи хишти асосии ошкоршуда тақрибан 23×23×5 см буда, истифодаи хишти андозаи мазкур дар сохтмони деворҳо ва унсурҳои меъмории иншоот ба қайд гирифта шуд.

Дар қисматҳои таҳқиқшудаи ёдгорӣ боқимондаҳои деворҳои хиштӣ, камонҳо ва унсурҳои пӯшиши дохилӣ муайян гардиданд. Яке аз хусусиятҳои муҳими меъмории иншоот истифодаи камонҳои хиштӣ мебошад. Камонҳо дар фазои дохилии иншоот ба таври муайян ҷойгир шуда, дар ташаккули сохтори нимдоиравӣ ва эҳтимолан гумбазмонанди он нақш доштаанд.

Усули сохтмони камонҳо ва тарзи пайвастшавии онҳо бо деворҳо аз истифодаи махсуси хиштчинӣ шаҳодат медиҳад. Ин хусусият аз нуқтаи назари таърихи меъморӣ барои муайян намудани анъанаҳои сохтмонии аҳди асримиёнагӣ ба асрҳои IX–XII мансуб буда, ба давраи Сомониён аҳамияти хос дорад.

Маҷмӯи нишонаҳои меъмории ошкоршуда, пеш аз ҳама, сохтори дохилӣ, истифодаи камонҳои хиштӣ ва хусусияти пӯшиши фазо, барои ҳамчун иншооти дафнӣ арзёбӣ намудани ёдгорӣ асос фароҳам меорад.

Дар ҷараёни корҳои таҳқиқотӣ аз дохили иншоот устухонпораҳои инсон ошкор гардиданд. Ин бозёфт фарзияи таъиноти дафнии иншоотро тақвият медиҳад. Бо вуҷуди ин, барои муайян намудани хусусияти дафн, марҳилаи истифодаи он ва таърихи дақиқи сохтмон омӯзиши минбаъдаи маводи антропологӣ ва археологӣ зарур мебошад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top