23 августи соли 2026 директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ёдгории меъмории тозакашфшуда дар ноҳияи Данғара боздид ба амал овард.
Зимни боздид директори Агентӣ бо рафти корҳои ҳафриётӣ дар ёдгории мазкур шинос шуда, бо масъулони корҳои бостоншиносӣ суҳбат намуд.
Дар ҷараёни шиносоӣ масъалаҳои марбут ба идомаи корҳои ҳафриётӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи ёдгорӣ, ҳифзу нигоҳдории бозёфтҳои археологӣ ва таъмини шароити зарурӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба масъулон ҷиҳати идомаи босифати корҳои ҳафриётӣ, ҳифзи бозёфтҳои таърихию фарҳангӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва омӯзиши илмии маводи бадастомада дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ёдгории тозакашфшудаи ноҳияи Данғара метавонад дар таҳқиқи таърихи қадимаи ин минтақа ва боз ҳам ғанӣ гардонидани маълумоти илмӣ оид ба мероси таърихию фарҳангии кишвар, аҳамияти муҳим дошта бошад.




