Сентябрь 8, 2026 15:36

ДУШАНБЕ, 08.09.2026 24 ёдгории таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО ва 13 унсури фарҳанги мероси ғайримоддии тоҷикон то соли 2026 дар ин созмон сабт гардид. Чунин баён намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири арҷгузорӣ ба ахтарони ҷаҳоншумули илму адаби тоҷик ва нақши осори таърихии мамлакати мо дар ташаккули тамаддуни умумибашарӣ таҳти сарпарастии ЮНЕСКО 16 ҷашнвораву солгардҳо баргузор гардиданд.
«Ин дастовардҳо на танҳо ғановати фарҳанги миллии мо, балки фазои созандаи иҷтимоиро низ инъикос мекунанд, ки танҳо дар муҳити сулҳу оромӣ ва рушди босубот имконпазир аст»,-иброз доштанд Пешвои миллат.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуданд, ки «мо хуб дарк мекунем, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забону фарҳанг, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳо кафили пойдории давлати тоҷикон ва асолати тоҷикии мо дар асри пуртазоду пурмоҷарои XXI мебошад. Аз ин рӯ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ, мероси таърихиву маънавӣ ва арзишҳои асили тоҷикона минбаъд низ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеаи мо боқӣ хоҳанд монд».


